Футболбозони тоҷик дастаи Узбакистонро 7:2 шикаст доданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Футболбозони тоҷик дастаи Узбакистонро 7:2 шикаст доданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон доир ба футзал дар даври дуюми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 бо ҳисоби калони 7:2 дастаи мунтахаби Узбакистонро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон доир ба футзал дастаи мунтахаби  Узбакистонро мағлуб намуда ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфт, иттилоъ додааст федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “В” бо ҳисоби калони 7:2 дастаи мунтахаби  Узбакистонро мағлуб намуда, ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифт.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Раҷабов, Идрис Ёров, Фаридун Неъматов ва Халид Сабуров ба нишон расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар даври плей-офф бо дастаи  мунтахаби  Афғонистон, ки дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро ишғол мекунад, рақобат хоҳад кард.

Баргузории бозии мазкур дар маҷамааи варзишии “Узбакистон” дар шаҳри Тошканд соати 13:00 дар баргузор хоҳад шуд.

Ғолибият дар ин бозӣ иштироки дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, таъмин месозад.

Читайте также  Дар Петербург дидори ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсуд оғоз шуд