Омад зимистон: имрӯз дар Тоҷикистон резиши борону барф дар назар аст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Омад зимистон: имрӯз дар Тоҷикистон резиши борону барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону барф ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона -2+3 ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18 ва рӯзона -3-8 дараҷа сард мешавад.

Международные авиа грузоперевозки

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона 1+6 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.

Читайте также  Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми силсилаи дуздиҳо дар Душанбе