Шаш мансаби холии давлатӣ дар Вазорати фарҳанг: маош аз 696 сомонӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Шаш мансаби холии давлатӣ дар Вазорати фарҳанг: маош аз 696 сомонӣ

Яке аз шартҳои озмун донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос мебошад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холи давлатӣ озмун эълон кардааст.

Тавре дар эълон қайд карда мешавад, дар вазорат феълан шаш ҷойи холии корӣ аст, ки довталабон барои ишғоли он метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

Ҳамин тавр, барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ довталабон бояд таҳсилоти оли иқтисодӣ ё сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд. Музди кор 1400 сомонӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати санъат як ҷойи кори холӣ будааст. Довталабон бояд таҳсилоти олии касбӣ  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣдошта бошанд, музди кор мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳамчунин ба вазорат мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ зарур аст, ки маоши ҳарду ҳам 847 сомонӣ муайян шудааст.

Ниҳод барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот довталаб меҷӯяд, ки бояд маълумоти олии рӯзноманигорӣ дошта бошад ва музди кор 696 сомонӣ аст.

Яке аз шартҳои дигари озмун донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос мебошад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба нишонаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34 равон кунанд. Телефон барои маълумот 223-19-71 ва 221-04-23.

 

 

Читайте также  Маҳмадсаид Убайдуллоев вакилонро ба шунидани паёми Эмомалӣ Раҳмон даъват кард