Ҷавони 19-сола даст ба дуздидани тилловорӣ задааст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҷавони 19-сола даст ба дуздидани тилловорӣ задааст

Кормандони милитсия ноҳия Бобоҷон Ғафуров ҷавони 19-солаеро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Международные авиа грузоперевозки

“Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчи-қалъачаи ноҳияи зикргардида, бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 21-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки маблағи умумиашон 11 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, – таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дода истодааст.

Читайте также  Дастури нави Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Душанбе