Маҳдудиятҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат барои муҳоҷирон дар Мадина

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Маҳдудиятҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат барои муҳоҷирон дар Мадина

Мақомоти Арабистони Саудӣ ба хотири мубориза бар зидди бекорӣ миёни шаҳрвандони шоҳигарӣ дар фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат маҳдудиятҳо ворид намуданд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Дар шаҳри Мадина, ки  яке аз бузургтарин шаҳрҳои Арабистони Саудӣ ба шумор меравад, барои муҳоҷирон дар 41 соҳаи сайёҳӣ, тиҷорат ва фаъолияти ҷамъиятӣ маҳдудият ворид намуданд, хабар додааст рӯзномаи Saudi Gazette.

Аз аввлаи моҳи апрели соли 2019, ҳамаи когарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар шаҳри Мадина бояд шаҳрвандони Арабистони Саудӣ бошанд.

Международные авиа грузоперевозки

Аз моҳи июни соли 2019 ҳамин гуна маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон ба яқ қатор ихтисосҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат низ ворид мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар соҳаи сайёҳӣ барои муҳоҷирон маҳдудиятҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, маъмурият ва идорӣ ҷорӣ карда мешавад.

Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ дар тамоми кишвар барномаи “саудикунонӣ”-ро дар 12 соҳаи савдо роҳандозӣ кард. Аз ҷумла шурӯъ моҳи гузашта 70 дарсади фурӯшандаҳои мағозаҳои электрекиву электроникӣ ва мағозаҳои соату айнакфурӯширо бояд шаҳрвандони Арабистони Саудӣ бошанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ сиёсати пешгирифтаи “саудикунонӣ”-ро дар бахши хусусии кишвар, ба сабаби мубориза бар зидди бекорӣ роҳандозӣ намуданд.   

Читайте также  Вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъйини Чинро қабул кард