Падар посбони мактабро барои пеш кардани фарзандонаш 17 корд задааст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Падар посбони мактабро барои пеш кардани фарзандонаш 17 корд задааст

Додгоҳи шаҳри Турсунзода, Тӯраев Олимҷонро барои қасди қатли Акрам Мирзаев, посбони мактаби рақами 11-и ҷамоати Навободи шаҳри мазкур ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия, хабар дод, ки манзили истиқоматии Тӯраев дар назди мактаб қарор дорад ва посбони муассисаи таълимӣ чанд бор фарзандони ӯро барои беинтизомӣ аз дохил ва гирду атрофи муассиса пеш кардааст.

Манбаъ афзуд, бо ҳамин сабаб Тӯраев қасди қатли Мирзаев кардааст.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи иттилои додситонӣ, Тӯраев 30 марти соли равон, тахминан соати 22-30 дақиқа дар ҳолати мастӣ бо корд дар дохили посбонхонаи мактаби  №11 Мирзоевро бо корд 17 зарба задааст.

“Дар натиҷа Мирзаев Акрам  ба замин афтода беҳуш шудааст.  Тураев бо фикри он, ки Мирзаев ба ҳалокат расидааст, хотирҷамъ шуда, аз дохили посбонхона баромада рафтааст”, – омадааст дар иттилоия.

Додситонӣ афзуд, ки Мирзаев дере нагузашта ба ҳуш омада, аз посбонхона берун шуда,  доду фиғон бардоштааст.

Ҷабрдида бо кӯмаки кормандони дигари мактаб дар беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бистарӣ шуда, ҷон ба саломат бурдааст.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Тӯраевро бар асоси моддаҳои моддаҳои 32 ва  104 қисми 1 – и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Читайте также  Барои марзбонони тоҷик бинои нави дидбонгоҳ сохтанд