Рустам Эмомалӣ қарори нав имзо кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Рустам Эмомалӣ қарори нав имзо кард

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020” ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои қарори наве барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги пойтахтро барои солҳои 2018-2020 тасдиқ кардааст.

Тавре дар қарор зикр мешавад,  барномаи мазкур бо мақсади татбиқи нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи он масъулини шаҳрдории Душанбе  ва дигар воҳидҳои зерсохтори он ҷиҳати  таъмини татбиқи барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ  вазифадор гардиданд.

Бо қарори раиси шаҳр,  барои татбиқи барнома маблағ ҷудо карда мешавад.

Раёсати фарҳанги Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомёфта гузориш пешниҳод намояд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Читайте также  Ҳамсояҳо хавотир нашавед: бо супориши Мирзиёев дар Узбакистон бонги хатар зада шуд