Андронова: Тоҷикистон ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

Инна Андронова, доктори илмҳои иқтисодӣ, устоди донишгоҳи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, иқдомҳои пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ҷонибдорӣ намудааст

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети соли 2019-ро қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он ба  24 миллиарду 165 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештари маблағро дар ҳаҷми 18,21 дарсад ба соҳаи маориф равона намудааст.

Международные авиа грузоперевозки

Ба гуфтаи коршинос Андронова, ин намунаи сиёсати дурандеши кишвар мебошад. 

“Ҳукумати Тоҷикистон дарк намуда аст, ки сохтани иқтисоди рақами ва муоссир бидуни мутахассисони касбӣ ғайри имкон аст. Дар ҷаҳон ҳеҷ кишваре нест, ки ба соҳаи маориф аҳамият надода бошад. Тоҷикистон ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад, чунки онҳо метавонанд ба иқтисоди кишвар назарияҳои ҷадид ворид намоянд. Маориф бояд манфиатҳои иқтисодиро таъмин намояд”, – таъкид кард коршинос.

 

Андронова инчунин тавзеҳ додааст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба мушкилоти норасоии омӯзгорон рӯ ба рӯ шудааст.

“Қаблан дар донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзгорони рус кор мекарданд, аммо пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари онҳо аз Ҷумҳурӣ ба Русия баргаштанд”, – гуфт вай.   

Читайте также  Мӯдшиноси рақами 1-и Русия: занони рус рӯймолбанд мешаванд