БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи “SS”-01-ро эълом кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи “SS”-01-ро эълом кард

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи “SS”-01 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 29 декабр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

“Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 29 декабри соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи “SS”-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд”, — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Международные авиа грузоперевозки

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

“Нархи як лот 630 сомонӣ аст”, — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

Читайте также  Дар Русия барои муҳоҷирон марказҳои омӯзиши забон ва урфу одатҳои русӣ мекушоянд