Рустам Эмомалӣ сарҳадҳои нави шаҳри Душанберо тасдиқ мекунад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Рустам Эмомалӣ сарҳадҳои нави шаҳри Душанберо тасдиқ мекунад

Васеъ кардани ҳудудҳои шаҳри Душанбе, ки мавриди сохтмону азхудкунӣ қарор мегиранд аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 ба нақша гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Масъалаи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе  дар даъвати панҷум иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки санаи 18 декабр доир мегардад, баррасӣ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Международные авиа грузоперевозки

Дар иҷлосияи дар пешистода бо ҳисобот дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт тӯли 11 моҳи соли равон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маърӯза мекунад”, – омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки 28 апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, васеъ кардани қаламрави пойтахт асосан дар самти ҷануб ва қисман дар самтҳои шимолу шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст.

Васеъ кардани қаламрави мавриди сохтмону азхудкунӣ қарордоштаи шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 ба нақша гирифта шудааст.

 

Читайте также  Раисҷумҳур дарди дили ҷавонони бадахширо шунид: гусели 100 сокини ВМКБ барои кор ба Роғун