Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъсис меёбанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъсис меёбанд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон” қарор кард, ки ин сохторҳо бояд дар тамоми ҳудудҳои маъмурии кишвар ташкил карда шаванд

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Рустам Шоҳиён, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон,  ҳафтаи равон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар парлумон гуфт, то ҳол сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ  танҳо дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо вуҷуд доштанд.

“Сохторҳои номбурда ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта, амал менамоянд”, – таъкид намуд Шоҳиён.

Вакилони Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкурро, ки аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод шуда буд, қабул намуданд.

Читайте также  Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба бунёдкорони майдончаю боғҳо туҳфаҳо доданд