Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҳамоиши 400-солагии Сайидои Насафиро шодбош гуфт

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҳамоиши 400-солагии Сайидои Насафиро шодбош гуфт

Раисҷумҳур қайд кард, ки Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронси байналмилалии бахшида ба 400 солагии Сайидои Насафиро шодбош гуфтааст. Паёми табрикотиро ёвари раисҷумҳур Абдуҷаббор Раҳмонзода ба иштирокдорон ироа кардаст.

Раисҷумҳур дар он қайд намудааст, ки баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба нобиғаҳои илму адаб ва дигар соҳаҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати Тоҷикистон мебошад.

Международные авиа грузоперевозки

Вай ёдрас шудааст, ки яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти тоҷик мебошад.

“Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд”, – изҳор доштааст кишвардор.

Бовар дорам, ки дар кори конфронсҳо олимон ва донишмандон паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эљодиёти Сайидои Насафӣ ва Наҷмиддини Кавкабиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба аҳамият ва моҳияти осори гаронмояи онҳо дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик фикру андешаҳои худро баён менамоянд, афзудааст ӯ.

Конфронси илмии байналмилалӣ 13 декабр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Сайидои Насафӣ охирҳои асри 17 дар шаҳри насаф (ҳозира Қаршӣ) ба дунё омада, дар Бухоро таҳсил кардааст. Олимон соли даргузашти ӯро тақрибан солҳои 1707-1711 мегӯянд.

Читайте также  Арзиши патент дар як вилояти дигари Русия гарон шуд