Мӯдшиноси рақами 1-и Русия: занони рус рӯймолбанд мешаванд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мӯдшиноси рақами 1-и Русия: занони рус рӯймолбанд мешаванд

Занҳои рус ба наздикӣ бо шавқи том рӯймол ба сар мекунанд, бовар дорад пожӯҳишгари торихи мӯд Александр Василев

Занҳои рус бо шавқ рӯймол ба бар хоҳанд кард, бовар дорад, мӯдшиноси Русия Александр Василев.

“Сиёсат доим дар мӯд, аз ҷумла  табаддулоти сиёсӣ нақши муҳимро мебозид. Ин табиист. Зеро мӯдро афзун бар завқ, пул таҳрик медиҳад ва агар маблағ набошад, мӯд шах мешавад ва қолаби дигар мегирад”, – мегӯяд Василев.

Василев ба ин гуфтаҳояш мӯди даврони пас аз ҷанги дувуми ҷаҳониро мисол меорад, ки занон кафши чӯбӣ мепӯшиданд ва ё ба ҷойи ҷорӯби абрешимӣ акси онро дар пойҳояшон мекашиданд.

Международные авиа грузоперевозки

“Моро чӣ интизор аст? Моро мӯди исломӣ интизор аст. Агар шумо ҳама гуна вебгоҳҳои мӯдро кушоед, дар он дар бораи тарзи бастани рӯймол маслиҳат дода мешавад.  Ман инро 5 сол пеш гуфта будам, ба ман мегуфтанд, ки “мо рӯймолбанд намешавем”. Аммо ман мегӯям, ки мешавед”,- изҳор доштааст вай дар рафти ҳамоиш дар Ожонсии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня”.

Ёдрас мешавем, Василев соли гузашта эълом карда буд, ки мӯд ҷӯз вектори исломӣ ояндае надорад.

“Мӯд ояндае надорад – он тамоман луч шудааст. Бе шубҳа, мусалмонон бештару бештар манфиатдор шуда истондаанд. Яъне ин раванд ҷаҳонӣ мешавад”, – меафзяд вай.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар, ин гароиш дар либоси занона – рӯймол ва ҳиҷоб дар оянда боз рушд мекунанд ва саҳнаҳои намоиши мӯдро аз худ мекунанд.

“Ман аз ин хушҳол ё ғамгин намешавам – ин воқеият аст”, – таъкид мекунад мӯдшинос.

Читайте также  Монополияи давлат: генерал ва вакили тоҷик хостори манъи воридоти дору аз сӯи тоҷирон шуд