Мактаббачаи тоҷик дар як сол тавонистааст забони русиро пурра омӯзад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мактаббачаи тоҷик дар як сол тавонистааст забони русиро пурра омӯзад

Мактаббачаи синфи ҳафтум Бекзод Саидов гуфтааст, ки баъд аз Тоҷикистон ба Русия омаданаш дар давоми як сол на танҳо забони русиро аз худ кардааст, балки бо ин забон шеър эъҷод мекунад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бекзод Саидов писарбачаи тоҷик то ба Русия омаданаш бо забони русӣ ҳарф намезад, аммо бо кушишу ғайрат  давоми як сол забонро аз худ кардааст. 

Айни ҳол вай на танҳо озодона бо забони русӣ баробари ҳамсинфонаш суҳбат мекунад, балки дар маҳфили минтақавии «Слово доброе посеять…» дар номгӯи “Шоирони ҷавон” ҷои аввалро ишғол намудааст.

Чӣ гуна Саидов забони русиро давоми як сол аз худ кардааст хабаргузории RT пайгирӣ намудааст.

Аз Хуҷанд ба вилояти Рязан

Саидов Бекзод, дар синфи 7-уми мактаби миёнаи деҳаи Алёшинои вилояти Рязан таҳсил мекунад.

То ба Русия омаданаш наврас дар Хуҷанд зиндагӣ мекардааст. Новобаста аз он, ки дар мактаби тоҷикӣ ба ӯ забони русӣ дарс медоданд, вай ин забонро намедонистааст.

Бекзод ба Русия моҳи сентябри соли гузашта омада ба синфи шаш қабул шудааст. Зимни дарс ҳамсинфон ва муаллимон ӯро  намефаҳмидаанд.

“Навиштан ва хондаанам бисёр бад буд. Таҳсил ҳам дар мактаб бароям хело душвор буд чун, ки ман бо забони русӣ фикрамро баён карда наметавонистам”, — мегӯяд мактаббачаи тоҷик.

Вай таъкид намуд, новобаста аз он, ки ҳамаи ҳамсинфонаш рус мебошанд, ӯро дар мактаб хело хуб пазироӣ карданд.

Забони бузурги русӣ 

Барои он, ки забони русиро хуб ёд бигирад Бекзод аз муаллимааш Зинаида Пехтерева хоҳиш кардааст, ки бо ӯ дарси алоҳида гузарад.

Читайте также  ФФТ бозорёб меҷӯяд

“Ман ҳар рӯз ба назди муаллима мерафтам… Ман бо вай ҳамаи қоидаҳои забонро аз худ кардам, тарзи дуруст хондан, навиштан ва талафузро омухтам”, — мегӯяд Бекзод.

Ба гуфтаи ӯ аз ҳама мушкил барои ӯ ҷинсият ва ё «род» дар забони русӣ будааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Ман ҳеҷ намефаҳмидам, ки дар забон ҷинсият барои чӣ лозим аст. Ҳамаи калимаҳоро бо ҷинсияти мардонаи “он” истифода мекардам. Аммо ҳозир ҳамашро омухтам ва метавонам дуруст истифода намоям”, — илова кардааст вай.

Инчунин Бекзод афзудааст, ки ҳоло ҳамаи қоидаҳои забонро, ки то имрӯз муалимон ба синфи онҳо дарс додаанд аз худ кардааст. 

Пирӯзӣ дар озмуни забони русӣ

“Дар озмуни “Слово доброе посеять…”, ки ба Иван Тургенев бахшида шуда буд, Бекзод шеъри “Ман зодаи Тоҷикистонам”-ро пешниҳод кард.  

Дар ин шеър вай эҳсосоташро дар бораи зиндагиаш дар Русия ва чи гуна ӯро атрофиёнаш қабул намудаанд, баён кард.

Ба гуфтаи омӯзгори забони русии Бекзод, дар аввал ӯ шеъро бо забони тоҷикӣ мегуфт ва сипас онро дар якҷоягӣ ба русӣ тарҷума мекардем.

“Вай шеърҳояшро бо забони тоҷикӣ менавишт ва сипас ба забони русӣ тарҷума мекард, баъдан мо дар якҷоягӣ онҳоро дуруст мекардем. Ҳоло вай бо забони русӣ фикр мекунад ва алакай худаш қоидаи таҳияи шеърро медонад”, — гуфтааст муаллимаи Бекзод Пехтерева.

Аз рӯи шеъри эъҷодкардааш Бекзод дар озмуни “Шоирони ҷавон” ҷои аввалро ишғол намуд. Аҳли хонаводааш аз пирӯзии вай хело хушҳол шуданд.

Волидайн пирӯзии писарашонро ҷашн гирифта, муаллима, мудири мактаб ва дӯстони Бекзодро ба меҳмонӣ даъват карданд.

Сарнишини оянда

Бекзод алакай касби ояндаашро интихоб кардааст ва мехоҳад дар оянда сарнишини ҳавопайпо шавад.

Читайте также  Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

Ӯ мехоҳад маълумоти олиашро дар Русия бигирад.

Наврас мегӯяд, ки сарнишин ин худ шоир аст.

“Шоиру сарнишинро осмон бо ҳам мепайвандад. Шоир парвози хайёл мекунад сарнишин бошад дар осмон, болои абрҳо парвоз мекунад”, — мегӯяд Бекзод.

Бекзод гуфтааст, ки китоби дӯстдоштааш “Повест дар бораи инсони ҳақиқӣ”-и Борис Полевой ва шоири дӯстдоштааш Александр Пушкин мебошад. Ба хусус барои ӯ шеъри “Узник” хело писанд аст.