Аз бурду бохти Рустам Эмомалӣ то васеъсозии Душанбе: вакилон имрӯз чиро баррасӣ мекунанд?

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Аз бурду бохти Рустам Эмомалӣ то васеъсозии Душанбе: вакилон имрӯз чиро баррасӣ мекунанд?

Вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз дар иҷлосияи 17-ум гузориши шаҳрдор Рустам Эмомалӣ, харҷу дахли буҷа ва замми заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахтро баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум имрӯз баргузор мегардад.

Ҳисоботи раиси Душанбе дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар 11 моҳ,  буҷаи пойтахт барои соли 2019 ва тағйири сарҳади маъмурии Душанбе аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи мазкур арзёбӣ мешаванд.

Международные авиа грузоперевозки

Интизор меравад, ки имрӯз дар пайи баррасии вакилон 7 ҳазору 659 гектар аз ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, “Россия”  ва ғайраҳои ноҳияи Рӯдакӣ  ба ҳудуди шаҳри Душанбе  мегузаранд.

Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ахиран ба “Ховар” гуфт, қисмати зиёди заминҳои нав ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд ва аз ин рӯ зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш омадааст.

Масъулин мегӯянд, дар 7659 гектаре, ки тоза ба ҳудуди пойтахт илова мешаванд, тамоми инфрасохтори шаҳрӣ муҳайё хоҳад шуд.

Бар асоси нақшаи генералии тасдиқгардида, ҳудуди пойтахт аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ  гардидааст.

Афзоиши шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  то соли 2025 – 936 ҳазор нафар ва то соли 2040 – 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.

Читайте также  Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати "Талко Персия" то Asian Express