Гусели Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аз сӯи Убайдуллоев, Озода Раҳмон ва Расулзода

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Гусели Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аз сӯи Убайдуллоев, Озода Раҳмон ва Расулзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия сафар кард

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон, иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ мебошад.

Манбаъ афзуд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Эмомалӣ Раҳмонро, раиси Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, Озода Раҳмон гусел намуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Читайте также  Ҷавони 19-сола даст ба дуздидани тилловорӣ задааст