“Росреестр” Парвиз Тӯхтасуновро мутахассиси ҳирфаӣ хонд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

Сухангӯи идора гуфт, ки Парвиз Тӯхтасунов бо масъулияти пурра ба кор шурӯъ кард ва ӯ метавонад босифат ва моҳирона ӯҳдадориҳояшро иҷро кунад

Роҳбари дафтари матбуотии “Росреестр” Арина Макарова ба Soputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки роҳбари нави идора ва зодаи Тоҷикистон Парвиз Тӯхтасунов дар мақоми наваш кадом ӯҳдадориҳоро дорад.

Ба гуфтаи Макарова, Парвиз Тӯхтасунов дар вазифаи мудири “Росреестр” ба рушди хизматрасониҳои электронии идора идома хоҳад дод.

Международные авиа грузоперевозки

“Аслан, Парвиз Константинович ӯҳдадор шудааст, ки идораро ба ширкати хизматрасонии зерсохторҳои технологияҳои иттилоотӣ, ки хизматрасониҳои давлатии “Росреестр”-ро таъмин мекунад, табдил диҳад”, – тавзеҳ дод вай.

Макарова таъкид мекунад, ки ин ширкати хизматрасонии зерсохторҳои технологияҳои иттилоотӣ яке аз пешрафтатарин корхонаҳои давлатӣ хоҳад шуд.

Сухангӯи идора афзуд, ки Тӯхтасунов аллакай дар “Росреестр” худро чун мутахассиси ҳирфаӣ нишон додааст.

“Парвиз ба иҷрои вазифаҳои мудири “Росреестр” бо масъулияти пурра  ва омодагии иҷрои корҳои идора бо сифати баланд ва бо мақсади рушди “Росреестр” шурӯъ кард”, – гуфт Арина Макарова.

Шарҳи бештари сухангӯи “Росреестр”-ро дар ин маврид аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

Читайте также  Марзбонони Русия муҳоҷирони тоҷикро маҷбур сохтанд дар марз ришҳояшонро тарошанд