Зулайхо Мамадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Зулайхо Мамадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Консерт бахшида ба таҷлили Соли нав шоми 29 декабр дар Маркази фарҳангии тотории Маскав баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Овозхони номии тоҷик Зулайхо Мамадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора роҳбари ансамбли “Гулчин” Фарҳод Ҷомаҳмадзода хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, консерти Зулайхо бахшида ба Соли нав шоми 29 декбар дар Маркази фарҳангии тоторӣ дар Маскав баргузор мешавад.

Международные авиа грузоперевозки

“Соли дувум аст, ки дар Маскав консерти Зулайхоро баргузор мекунем. Консерт “Дили зинда” ном дорад ва дар он ҳунарманд бидуни фонограмма ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Мақсад аз ташкили консерт – хушҳол кардани ҳамватанонамон дар арафаи Соли нав аст”, – мегӯяд Фарҳод.

Вай афзуд, ҳамчунин дар барнома гурӯҳи “Гулчин” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Намоиши мӯд низ дар назар аст.

Нархи билетҳо аз 1000 то 1500 рубл арзёбӣ мешавад.

Читайте также  Пулро барои тиҷорат гирифту барнагардонд