Рӯзи пешниҳоди паёми ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба порлумони кишвар муайян шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Рӯзи пешниҳоди паёми ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба порлумони кишвар муайян шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаашро ба парлумони кишвар 26 декабри соли равон пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми навбатиашро ба парлумони кишвар санаи 26 декабр пешниҳод хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Международные авиа грузоперевозки

“Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро қироат мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор мешавад”, — иттилоъ додааст хабаргузорӣ дар истиноб ба ҳукумати кишвар.

Инчунин, дар ҷаласа мазкур раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

 

Читайте также  Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Сатторзода Хуршед муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин шуд