Раиси вилоят ба наврасони ихтироъкор ва китобхон маблағ ва тӯҳфа дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси вилоят ба наврасони ихтироъкор ва китобхон маблағ ва тӯҳфа дод

Раиси вилояти Суғд ғолибони озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони наврас» ва «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ»-ро қадршиносӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода наврасони ихтироъкор ва толибилмону донишҷӯёни китобхонро қадршиносӣ кард, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, дар вилоят озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони наврас», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ҷамъбаст гардид, ки дар маросими қадрдшиносии ғолибон раиси вилоят иштирок кард.

Ҳамин тавр, дар озмуни ихтироъкорон хонандаи синфи 8-уми маткаби рақами 37-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дониёрбек Мирзҳомидов ҷойи аввал ва донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Бобоҷон Қаюмов ҷойи дувумро сиҳиб шуданд.

«Ҳошимова Меҳринисо -хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд, Қурбонбоев Ҷамшед — хонандаи Гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд ва Алиқулова Ситора — хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Гулистон, Қодирзода Оростамоҳ — донишҷӯи ДДҲБСТ,  Содиқова Парвина — донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ахмедҷонова Ирода -донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни  «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018″ гаштанд», — менависад манбаъ.

Раиси вилоят ба  ғолибони озмун ҷоизаву мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳо додааст.

Читайте также  Резиши борону барф дар аввалин рӯзи зимистон