Афғонҳоро бо доруҳои “ҳалол”-и Русия табобат мекунанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Афғонҳоро бо доруҳои “ҳалол”-и Русия табобат мекунанд

Бунёди хайриявӣ-ватанпарварии мусалмонҳои Русия сокинони сахт ниёзманди Афғонистонро бо доруворӣ таъмин мекунад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Намояндагони бунёди хайриявӣ-ватанпарварии мусалмонҳои Русия гурезаҳо ва беморхонаҳои Афғонистонро бо доруворӣ таъмин мекунанд.

“Маҳсулоти башардӯстона аз 67 намуди доруҳои гуногун иборат буда барои табобати касалиҳои шуш, меъдаю руда, буғуму пайвандҳо, чашм ва инчунин лавозимотҳо барои ҷароҳат пешбинӣ мешаванд. Ҳамаи доруҳо дар Русия бо риояи қавоини дини Ислом тайёр карда шудаанд”, – ба хабаргузории Sputnik тавзеҳ дод роҳбари бунёд Рустам Ҳабибуллин.

Международные авиа грузоперевозки

Вай инчунин қайд кардааст, ки дар тайёр кардани ин доруҳо аз маҳсулотҳои ҳаром ба монанди глитсерин (чарбӯи хук), кармина (қирмизи хушки ҳашарот) худдорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Ҳабибуллин хайрияи башардӯстонаро вилоят ва маҳалҳои зиёд ниёзманд ба дорувориҳо ба даст оварда метавонанд. Барои ҳамин тақсимот аз минтақаҳои шимоли Афғонистон оғоз шуда аллакай қисмати аввалини доруҳо ба Ҳайратон фиристода шуданд.

“Мо барои кумаки Афғонистон мувофиқи барномаи хайрхоҳона нақшаҳои зиёд дорем. Мо мақсади ба таври фаъолона ёрӣ расонидани онҳоро дорем. Алакай намояндаҳои бунёдро аз дохили афғонҳо интихоб карданд. Худо хоҳад мо боз ҳам барои Афғонистон ҳиссаи худро мегузорем”, – гуфт роҳбари бунёди мазкур.

Мақсад он аст, ки тақсимоти дорувориҳо ба таври суроғавӣ сурат мегирад, яъне аз даст ба даст ва муҳим он, ки хайриёт мувофиқи Ислом бояд ҳалол бошад ва аз таҳти дил дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Узбакистон ба ҷабрдидагон аз хушксоли дар Афғонистон ба сифати ёрии башардӯстона зиёда аз 3 ҳазор тонна гандум кумак карда буд. Тақсимоти гандум дар Ҳайратони Афғонистон гузаронида шуда буд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago