Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми силсилаи дуздиҳо дар Душанбе

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми силсилаи дуздиҳо дар Душанбе

Маъмурини милисаи ноҳияи Сино аз боздошти ду сокини шаҳри Душанбе – ҷавонони 17 ва 19 -сола иттилоъ доданд, ки дар силсилаи дуздиҳо дар пойтахт айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаҳо – Алиҷон Ализода ва Сайёди Рустам бо шикастани панҷараи тирезаи хонаҳои истиқоматии сокинони пойтахт, маблағ ва ашёи гуногунро медуздидаанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Аз ҷумла шаби 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳамин тарз ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова Гулша,  воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардида, бо шикастани сандуқи оҳанин аз дохилаш 5-ҳазор сомонӣ, 1500-долари амрикоӣ ва ба миқдори 5700-долари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдаанд”, – омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки инчунин дастгиршудагон 23-юми октябр бо шикастани панҷараи тиреза вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Баҳодур воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев гардида, аз он ҷо ду адад телефони мобилӣ ва як адад планшету дигар ашёҳои арзишнокро дуздидаанд.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки даст доштани боздоштшудаҳоро дар ҳолатҳои дигари дуздӣ дар пойтахт таҳқиқ хоҳанд кард.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан ҷавонони дастгиршуда дар ҳабс буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми дуздӣ алайҳи онҳо идома дорад.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago