Дастгоҳи раисиҷумҳур нақшаи мулоқоти вазиру раисҳоро бо рӯзноманигорон тасдиқ кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дастгоҳи раисиҷумҳур нақшаи мулоқоти вазиру раисҳоро бо рӯзноманигорон тасдиқ кард

Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумуҳури Тоҷикистон нақшаи нишастҳои навбатии матбуотӣ бо ҳузури роҳбарони идораҳои давлатиро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи нақшаи мазкур нишастҳои матбуотии навбатӣ 28 январ оғоз гардида, то 15 феврали соли 2019 идома хоҳанд дошт.

Международные авиа грузоперевозки

Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза дар сомонаи ожонси мазкур сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.

Хабаргузорӣ аз масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, даъват намудааст, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо “Ховар” мувофиқа кунанд.

Нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури роҳбарони идораҳои давлатӣ ҳар шашмоҳа бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Читайте также  Талаби 20 ҳазор сомонӣ пора барои гирифтани қарори раиси шаҳри Ваҳдат