Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати “Талко Персия” то Asian Express

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати “Талко Персия” то Asian Express

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — “Шаҳри бехатар” пешниҳод шудааст.

Международные авиа грузоперевозки

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Душанбе Нематулло Мавзудов бо худрави “Опел-Астра” қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 169 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Ҳамчунин ҳушдори БДА-ро ба чанд ронандаҳои ширкатҳои мухталиф метавон пайдо кард.

Худравҳои ширкати  “Талко Персия” 164 бор қонуни ҳаракат дар роҳро нақз карда,  дар ҷойи аввал меистад. Ду ронандаи “Кия-Оптима”-и ширкати  Asian Express дар умум 50 бор қонуни ҳаракатро вайрон карда, ҷаримаҳоро то ҳол насупурдаанд.Ҳамчунин дар ин феҳрист номи ширкатҳоеро чун “Нақлиёти шаҳри Душанбе”, “Пойгоҳи вагонҳои боркаш”, “Холдинги Осиё”, “Сорбон” ва “Олуча-авто” метавон пайдо кард.

БДА ба ронандагони мазкур ҳушдор медиҳад, ки ҷаримаро саривақт пардохт кунанд.

Читайте также  Шарҳи Раёсати оташнишонӣ аз таркиши балони газ дар Душанбе