Нигаронии раиси Маҷлиси намояндагон аз амали модарони муосири тоҷик

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Нигаронии раиси Маҷлиси намояндагон аз амали модарони муосири тоҷик

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, амали модаронеро, ки ба навзодашон ба ҷои шири худ, ғизои сунъӣ медиҳанд, мояи нигаронӣ хонд

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Зуҳуров зимни ҷаласаи ахири парлумон гуфт, дар Тоҷикистон додани ғизои сунъӣ ба навзодҳо солҳои охир густурда шудааст.

“Солҳои охир, мутаассифона, аксарияти модароне, ки кӯдак таваллуд мекунанд, барои тифлон аз ғизои сунъӣ истифода мебаранд. Ҳол он ки саломатии кӯдак дар солҳои минбаъда аз ғизое, ки дар соли аввали ҳаёташ ба ӯ дода шудааст, вобастагии калон дорад”, – иттилоъ додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Зуҳуров.

Ин дар ҳолест, ки сифати ғизои кӯдакон низ дар кишвар мояи нигаронии масъулин шудааст. Аз ҷумла тайи 11 моҳи охир дар Тоҷикистон 127 тонна дору ва ғизои сунъии кӯдаконаи ғайристандартӣ  ошкору мусодира шудааст.

Читайте также  Садамаи нохуш: ронандаи "ЗИЛ" пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш кард