Пешбинии Ҳукумат: қурби доллар ҳамагӣ 3 дар сад боло меравад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Пешбинии Ҳукумат: қурби доллар ҳамагӣ 3 дар сад боло меравад

Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2020 1 доллари амрикоӣ ба 10,20 сомонӣ ва дар соли 2021 ба 10,80 сомонӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино бар пешбинии Ҳукумати Тоҷикистон, қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ  то соли 2019 ҳамагӣ ба 3 дар сад боло мешавад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ додааст.

Муаллифони барномаи давлатии қарзгирии Тоҷикистон аз хориҷ пешбинӣ карданд, ки дар соли 2019 1 доллар баробари 9,70 сомонӣ хоҳад шуд.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ҳоли ҳозир, Бонки миллии Тоҷикистон 9,42 сомониро муъодили 1 доллар муайян кардааст.

Бар асоси пешбинии Ҳукумати Тоҷикистон, 1 доллар дар соли 2020 баробари 10,20 сомонӣ ва дар соли 2021 баробари 10,80 сомонӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ роҳбари саридораи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев сабаби поён рафтани қурби сомонӣ нисбат ба долларро дар соли 2018 тавзеҳ дода буд.

Ба гуфтаи вай, дар беқурбшавии сомонӣ давомнокии номувозинатии тиҷоратӣ, миқдори зиёди қарзи давлатӣ, зиёдшавии талабот ба доллар ҳамчун воситаи воридоти молу коло сабаб шудаанд.

Читайте также  Гардиши нав дар қазияи духтари президент: Гулнора иқдомҳои Мирзиёевро дастгирӣ мекунад