Сардори БДА ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Сардори БДА ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Сардори шӯъбаи БДА дар Истиқлол Фирдавс Ғаффоровро ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кардаанд. Ӯ аз мотосиклсаворе 2 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти корманди БДА, сардори шӯъбаи БДА дар шаҳри Истиқлол Фирдавс Ғаффоров хабар дод. Бино бар иттилои манбаъ, номбурда аз як ронанда 2 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст.

Ҳанӯз моҳи октбяр як шаҳрванди кишвар ба ожонси мубориза бо фасод муроҷиат кардааст, ки нисбати Ғаффоров чораҷӯӣ карда шавад.

Международные авиа грузоперевозки

“Ӯ шаҳрванд “А”-ро ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шаҳри Истиқлол боздошта, бинобар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва ҳуҷҷати техникӣ мотосиклашро ба майдончаи ҷаримавӣ бурда, барои аз ҷавобагарӣ озод кардан 2000 сомонӣ талаб кардааст”, – гуфта мешаванд дар иттилои манбаъ.

Ронанада ба сардори БДА ду маротиба ҳазорсомонӣ додааст. Дафъаи дуввум, кормандони ожонси зидди фасод Ғаффоровро дастгир кардаанд.

Нисбати вай бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ пешниҳод шудааст.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон ҷазо барои фасодро сангинтар карда буд. Ришваситонон минбаъд, мувофиқи қонунгузорӣ наметавонанд бо ҷарима халос шаванд. Онҳоро ҳатман зиндон интизор аст.

Читайте также  Доману шимҳо бо рамзи эҳё: роҳбаладону сарнишинони "Сомон Эйр" либоси нав пӯшиданд