Шаҳри амну зудрушдкунанда: Рустами Эмомалӣ гуфт, 2018 соли хотирмон буд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Шаҳри амну зудрушдкунанда: Рустами Эмомалӣ гуфт, 2018 соли хотирмон буд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи вакилони халқи шаҳр ҳисоботи 11-моҳаашро ироа карда, Душанберо шаҳри амну зудрушдёбанда муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботаш дар дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Душанбе дар 11 моҳ гуфт, ҳаҷми умумии гардиши савдо 6 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  19,4 % афзоиш ёфтааст.

Зимни баррасии буҷаи Душанбе барои соли 2019, Рустами Эмомалӣ масъулинро барои таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷаи шаҳр дар соли оянда, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромад, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳо, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ, инчунин баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон, вазифадор намудаст.

Международные авиа грузоперевозки

Вакилони Душанбе инчунин пешниҳод барои тағйир додани сарҳади пойтахтро қабул кардаанд, ки бар асоси он

аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.

Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласа таъкид кардааст, ки соли 2018-ум бо тамоми ёддоштҳо ва навгониҳои зиёд барои кишвари мо, бахусус барои шаҳри Душанбе соли хотирмон буд. Ӯ бо зикри баргузории чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ дар пойтахт афзудааст, ки Душанбе ба яке аз шаҳрҳои муосири замонавӣ табдил ёфта, ҳамчун шаҳри амну бехатар ва аз ҷиҳати инфрасохтор зудрушдкунанда муаррифӣ шуд.

Раиси шаҳр аз вакилони халқ,  роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб кардааст, ки д бо инобати дастовардҳои соли 2018, дар соли нави 2019 барои ободонии шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯӣ кунанд.

Читайте также  Раддабандии кишварҳои рушдкунанда: Тоҷикистон дар ҷои чандум қарор гирифт?