Убайдуллоев дар бораи Худо, силоҳи мамнуъ, сиёсат ва ақлҳои хатарнок – видео

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Убайдуллоев дар бораи Худо, силоҳи мамнуъ, сиёсат ва ақлҳои хатарнок – видео

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар Санкт Петербург, зимни конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи истифодаи силоҳҳои мамнуъ аз аҳдофи Худо зимни офаридани инсон ва ақлу сиёсатҳои хатарноктар аз силоҳ суҳбат намуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Убайдуллоев дар ин ҳамоиш зикр кард, ки 150 сол қабл дар Санкт Петербург эъломия барои манъи истифодаи тирҳои кафандаю сӯзанда қабул шуд, ки гардиши нав дар тафаккури ҷомеа ба сӯи башардӯстӣ гардид.

“Ин эъломия замина шуд, ки сарфи назар аз зиддиинсонӣ будани ҷанг, набояд ба сарбозон осеби аз ҳад зиёд расонда шавад, иншооти мулкӣ тахриб гарданд, мардуми осоишта ҳадафи ҳамла қарор гиранд, ки ин масъалаҳо ҳоло ҳам мубрам мебошанд”, – изҳор дошт Убайдуллоев. 

Бар асоси матни суханронии Убайдуллоев, ки дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ нашр кардааст, ӯ баробари рушди тамаддуни инсоният, тавлиди силоҳҳои муосири хатарнок барои кулли башариятро мояи нигаронӣ хондааст.

“Чунин силоҳҳо бархилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва ақли солим  сохта ва паҳн шуда истодаанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан қобилияти пешгирии ҷангҳоро аз даст додааст”, – таъкид намуд Убайдуллоев.

Навори ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи силоҳҳои мамнуъ ва суханронии Убайдуллоев:

Ӯ гуфт, нақзи меъёрҳои инсонӣ тайи солҳои охир ба фикре водор мекунад, ки инсон аз сарнавишти аввалияаш, ки сулҳу созандагӣ аст, канор рафтааст ва худаш ба як силоҳи хатарноку пешгӯинашаванда, силоҳи нобудсозандаи ақлу арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Тавре мебинем, решаи мушкилот на  дар силоҳҳо, балки дар ақлу мағзи инсонҳост, дар кор ва сиёсате, ки онҳо амалӣ мекунанд ва дар мақсадҳоест, ки онҳо пеш гузоштаанд”, – изҳор дошт Убайдуллоев.

Читайте также  Паёми Файзов ба Оқохони IV: аз хоҳиши дуо то саҳм дар сулҳи тоҷикону назари Эмомалӣ Раҳмон

Ба гуфтаи ӯ ҳаводиси асри 21 аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми рӯбарӯшавии ҷомеа ба зӯроварии низомӣ, терроризму экстремизм асосан аҳолии осоишта азият мекашанд. 

“Барои он набояд аз ҷангҳо ҳимоят кард, бояд шеваҳои ҷангро маҳкум намуд. Феълан барои бархе ҳадаф болотар аз воситаи расидан ба он меистад ва ҷанг, ки зиддиинсонӣ аст, роҳи расидан ба мақсадҳои ғаразнок гардидааст”, – изҳор дошт Убайдуллоев.

Вай аз он таассуф хӯрдааст, ки бо гузашти ду ҳазор сол тамаддуни инсоният ҳанӯз ҳам низоми самараноки ҳалли муноқишаҳои байналмилалиро пайдо накардааст.

Раиси Маҷлиси миллӣ илова намудааст, ки бо пайдоиши силоҳи ҳастаӣ, эҳтимоли сар задани ҷангҳои ҷаҳонӣ, махсусан миёни абарқудратҳо кам шудааст, аммо дар даҳҳо муноқишаҳои минтақавӣ бо истифодаи силоҳҳои мамнуъ ҳалокати азияти инсонҳо идома дорад.

Вай афзуд, замоне фаро расидааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ як низоми хуби ҳалли муноқишаҳои байналмилалӣ таҳия шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки аз номи масъулини парлумонҳои ИДМ ва Кумитаи салиби сурх, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доранд, ба СММ қабули санади комилан нав дар бораи низоми ҳалли муноқишаҳои маҳаллию минтақавӣ пешниҳод гардад.

Ӯ зикр кардааст, ки Худо инсониятро ба хотири ҳаёт ва созандагӣ офаридааст, на барои тахрибу худнобудкунӣ. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар охири суханронияш баён доштааст, ки дар ҳамаи сатҳҳо бояд тамоми талошҳо барои идомаи ҳаёти осоишта дар Замин ва пирӯзии ақл бар ҷаҳолат равона карда шавад. Ӯ барои ҳозирин дар решакан кардани ҷанг аз Замин тавфиқ таманно кардааст.