Ҳалокати Рисолат Намозова зери чархи «Тайота-Корола»-и Ҷумъа Умаров дар маркази Душанбе

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳалокати Рисолат Намозова зери чархи «Тайота-Корола»-и Ҷумъа Умаров дар маркази Душанбе

Рисолат Намозова ҳамагӣ 30 сол дошта, сокини ноҳияи Варзоб будааст. Ронанда дар хиёбони Рӯдакии Душанбе назди маркази дилхушии «Обшорон» аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, занро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи садамаи нохуши нақлиётӣ дар макрази шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он мутаассифона зани 30-солае ба ҳалокат расидааст.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 29 ноябр тақрибан соатҳои 17:40 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронанда, Ҷумъа Умарови 57-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарони пойтахт, дар рӯ ба рӯи Маркази дилхушии “Обшорон” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Намозова Рисолат Умаралиевна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. 

Рисолат Намозова дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Читайте также  Ёдгор Файзов: сокинони ВМКБ аз кору муносибати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД розианд