Тоҷикистону Қирғизистон муборизаро бар зидди маводи мухаддир сахттар мекунанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тоҷикистону Қирғизистон муборизаро бар зидди маводи мухаддир сахттар мекунанд

Ҳайати расмии ВУД-и Қирғизистон таҳти роҳбарии вазири ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар бо Шерхон Салимзода, роҳбари Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дидору мулоқот намуданд.

ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik.   Ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон  ва роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ожонсӣ.

Международные авиа грузоперевозки

Инчунин зимни мулоқот тарафҳо, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт, оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд.

“Мақсад аз баимзорасонии Созишномаи мазкур боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа мебошад”, — таъкид намудааст манбаъ.

Зимни мулоқот тарафҳо ба хулоса омаданд, ки  танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ, метавонанд бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Читайте также  "Беэҳтиромӣ": кордкашии муҳоҷири тоҷик сӯи ҳамватан барои накашидани пойафзол