Мақомоти Белорус собиқ футболбози тоҷикро аз боздоштгоҳ озод карданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мақомоти Белорус собиқ футболбози тоҷикро аз боздоштгоҳ озод карданд

Давлати Белорус футболбози тоҷик Парвиз Турсуновро бо шарти тарк кардани кишвар ва баргаштан ба Украина аз боздоштгоҳ озод кардааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Белорус собиқ бозингари дастаи футболи “Хайр” (Ваҳдат), Парвиз Турсуновро аз боздоштгоҳ озод карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Қайд шудааст, ки Турсуновро бо шарти баргаштан ба Украина, ки аз он ҷо ба Белорус омада буд, аз боздоштгоҳ озод кардаанд.

Футболбози тоҷик охиран дар боздоштгоҳи (СИЗО) № 1 Белорус ба воситаи маъмурият аз мақомоти ин кишвар хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ кардааст. Аммо ҷавоби мақомоти ин кишвар, то ҳол дар ин бора маълум нест.

Международные авиа грузоперевозки

Ёдовар мешавем, ки 18 сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Минск Парвиз Турсунови 43-сола, ки даст доштан дар  фаъолияти экстреместӣ муттаҳам мешавад, аз ҷониби мақомоти интизомии Белорус дастгир шуда буд.

Мақомоти интизомӣ ҳамсару чаҳор кӯдаки ноболиғи ӯро ба Украина баргардонида буданд.

Парвиз Турсунов дар гузашта яке аз бозигарони калидии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат буд. Исми ӯ 8 сол пеш ба далели бо риши дароз ба майдон баромаданаш расонаӣ шуд.  Мураббиёни дастаи “Хайр” бо ишора ба дастури Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё ришашро бигирад, ё дигар ба машқҳо ва бозиҳои расмӣ роҳ дода намешавад. Аммо соли 2011 вай тимашро тарк кард.

Номи футболбоз дар Тоҷикистон дар рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо қарор дорад. Дар Тоҷикистон ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

 

Читайте также  Вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъйини Чинро қабул кард