Раиси тозатаъини шаҳри Гулистон бо донишҷуён суҳбат карду кӯмакпулӣ дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси тозатаъини шаҳри Гулистон бо донишҷуён суҳбат карду кӯмакпулӣ дод

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияташ донист

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Рӯзи 13 декабри соли равон дар толори Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон бо ҷавонони шаҳр, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба ҷавонон Фирдавс Шарифзода, таъкид намуд, ки соҳаи саноати шаҳр бомайлон пеш меравад ва эҳтиёҷот ба қувваи корӣ сол то сол афзоиш меёбад.

“Барои шаҳри саноатӣ мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш қарор додаанд”, -гуфтааст Фирдавс Шарифзода.

Инчунин, зимни мулоқот раиси шаҳр ба беш аз 80 нафар донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кумакпулиҳои яквақта супорид.

Читайте также  Ризои арвоҳу роҳати зиндаҳо: сокинон ба ҷои “чил”-у “сари сол” роҳу беморхона сохтанд