Таҳрири қонунгузории нави Русия зиндагии муҳоҷиронро тағйир медиҳад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Таҳрири қонунгузории нави Русия зиндагии муҳоҷиронро тағйир медиҳад

Таҳрири нави қонунгузорӣ дар бораи мувофиқшавии (адаптатция) ҷамъиятиву-фарҳангии муҳоҷирон дар Русия, ба хотири беҳдошти ҳарду ҷониб аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. “Стратегияи сиёсати миллӣ-давлатӣ”-и нави Русия зиндагии муҳоҷиронро тағйир медиҳад, ба хабаргузории “Известие” тавзеҳ додааст роҳбари Оҷонсии федералӣ оид ба корҳои миллӣ Игор Баринов.

“Қариб 20 сол сиёсати миллӣ аз нигоҳи идораи ҳамаҷонибаи давлат ба як гӯшаи фаромӯши расида буд”, – гуфтааст вай.

Баринов қайд кардааст, ки имрӯзҳо миқдори зиёди русҳои пурсидашуда – 93% – гуфтаанд, ки нисбати дигар миллатҳое, ки дар Русия зиндагию фаъолият доранд бадбинӣ надоранд. Аммо бояд қайд кар, ки дар соли 2013 ин миқдор, яъне шумораи бетарафон аз 55% зиёд набуд.  

Международные авиа грузоперевозки

“Дар қонуни навтаҳришуда баъзе муқарароте, ки дар соли 2015, низ пешбинӣ шуда буданд ба инобат гирифта шуданд, масалан “Стратегияи бехатари миллии Русия”.  Қисман нишондодҳои мақсадноку муфид ва чораандешии натиҷаҳои дилхоҳ, ки то ин вақт ҷорӣ набуданд ворид шудаанд”, – гуфтааст Баринов.

Таҳрири нави стратегияи сиёсати миллӣ инчунин мафҳумҳои “ҳувият ва ваҳдати миллӣ”, “халқи гуногунмиллат”, “муносибатҳои байналмилалӣ”, “ҳувияти умумирусиягӣ” ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Ҳамчунин масъалаҳои асосии сиёсати миллӣ чун пештара боқӣ монданд.

Лоиҳаи қонунгузории мазкур, дар назар аст соли оянда ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад, гуфтааст  Илдар Гулмутдинов.

Ба гуфтаи ӯ мақсади таҳрири ин лоиҳа беҳтар гардонидани шароитҳо барои ҳам тарафи қабулкунанда ва ҳам муҳоҷирон мебошад.

Читайте также  Дар Петербург барои ҷалб ба гурӯҳи “ДОИШ” муҳоҷирро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд