Тоҷикистон дар СММ дар бораи дастовардҳои кишвар дар 15 соли ахир маълумот дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тоҷикистон дар СММ дар бораи дастовардҳои кишвар дар 15 соли ахир маълумот дод

Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар СММ дар бораи дастовардҳои кишвар суханронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.  Тоҷикистон дар 15 соли ахир дар соҳаҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст, эълон намудааст дар СММ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

Международные авиа грузоперевозки

Ёдрас мешавем, ки  4 декабри соли равон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразодадар мулоқоти сатҳи баланд ҷиҳати баррасии мушкилиҳои кишварҳои даромадашон миёна дар амалисозии Рӯзномаи 2030 доир ба рушди устувор ширкат ва суханронӣ намуд.

“Дар давоми 15 соли охир, Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд”, – таъкид намудааст Тоҷиддин Ҷӯразода.

Ҳамчунин вай афзудааст, ки бинобар гузаронидани ислоҳот ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор, Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 30,3% ноил гардидааст. 

 

Читайте также  Омад зимистон: имрӯз дар Тоҷикистон резиши борону барф дар назар аст