Бонки миллӣ ширкатҳои чиптафурӯширо ба ҳамкорӣ даъват намудааст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Бонки миллӣ ширкатҳои чиптафурӯширо ба ҳамкорӣ даъват намудааст

Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо ширкатҳои ватаниро барои ҳамкорӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон  ширкатҳоеро, ки ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул ҳастанд барои ҳамкорӣ даъват намудааст, иттилоъ додааст дафтари матӣбуоти Бонки миллӣ.

Международные авиа грузоперевозки

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади иҷрои талаботи иқтисоди бозорӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани механизми харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои таъмини эҳтиёҷоти бонк сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр Бонки миллӣ ширкатҳои марбутаи соҳаро ба ҳамкории дуҷонибаи судманд даъват кардааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ширкатҳои соҳаи зикргардида, ки хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкориро доранд, метавонанд пешниҳоди тиҷоратии худро ба таври хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон, то 12 декабри соли равон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ – 107А, ирсол намоянд.

 

Читайте также  Обуҳавошиносон: боридани барфу борон ва фаромадани меғ дар назар аст