Тоҷикистон мехоҳад ба Молдова меваи хушк ва асал содирот намояд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тоҷикистон мехоҳад ба Молдова меваи хушк ва асал содирот намояд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе бо сафири Молдова дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Молдова дар Русия Андрей Кириллович Негуца баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумита.

Международные авиа грузоперевозки

Зимни мулоқот тарафҳо вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои онро  баррасӣ намуданд.

“Инчунин тарафҳо зимни мулоқот бо мақсади васеъ намудани заминаи қарордодиву шартномавии ду кишвар зарурияти тезонидани раванди мувофиқасозии санадҳои дуҷонибаи дар баррасии ҳарду ҷониб қарордоштаро муҳим арзёбӣ намуданд”, – таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ афзудааст, ки тарафҳо бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба зарурияти ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро, ки баргузории он дар нимаи аввали моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Молдова ба нақша гирифта шудааст, муҳим шумурданд.

Тарафҳо ҳамчунин дар бораи ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, бойторӣ, растанипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ, табодули таҷриба, истифодаи технологияи муосирро баррасӣ намуданд.

Читайте также  Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст