Боздошти “Мишел” дар фурудгоҳи Душанбе – видео

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Боздошти “Мишел” дар фурудгоҳи Душанбе – видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Мунъим Азратқулов, сокини 40-солаи деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, бо тахаллуси “Мишел” хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Азратқулов 23 ноябр ҳангоми қасди фирор ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шудааст.

Международные авиа грузоперевозки

Мақомоти умури дохилӣ “Мишел”-ро дар он гунаҳкор медонанд, ки 5 январи соли равон тибқи маслиҳати пешакӣ бо шарикаш, Гадомамадов, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини пойтахт, бо таппончаи “Макаров” ба шаҳрванд Давлатов таҳдид намуда, аз ӯ 9300 доллар ва 10 ҳазор сомониро тасарруф намудаанд.

Манбаъ афзуд, ки алайҳи дастгиршуда бо иттиҳоми роҳзанӣ тафтишот идома дорад.

ВУД таъкид намудааст, ки Азратқулов, қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Русия аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Никулинскийи Маскав ба ҷовобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, дар муассисаи ислоҳии № 5-и шаҳри Владимири вилояти Владимир адои ҷазо намудааст.

Назари ҷониби айбдоршаванда дар мавриди ин иттиҳом феълан рӯи даст нест.

Читайте также  Баъди ҷавоби рад: Ҳоҷимуродов зани ҷавонашро кушту хусурбачаашро маҷруҳ кард - навор