Бозгашти “модератор”-и созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Бозгашти “модератор”-и созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бозгашти ихтиёрии Тошалӣ Одинаев, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ дод, ки тайи солҳои охир бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” таҳти пайгард қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, алайҳи Одинаев барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

Международные авиа грузоперевозки

“Одинаев Тошалӣ дар саҳифаҳои интернетӣ ба ҳайси модератор фаъолият намуда, зидди сохти конститутсионӣ паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба “Гурӯҳи 24”-ро ҷонибдорӣ мекард”, – омадааст дар гузориши ВУД.

Худи Одинаев дар навори нашркардаи ВУД изҳор медорад, ки аз соли 2014 дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба кори сохтмону мусофирбарӣ машғул будааст. Одинаев афзуд, ки аз соли 2016 то 2018 шомили созмони “Гуруҳи 24” шуд ва фоидае надида бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст, то хизмати падару модар кунад.

Рӯзи гузашта ВУД аз бозгашти ихтиёрии Ахмедов Мирзоҳаким хабар дода буд, ки ӯ ҳам барои узвият дар “Гуруҳи 24” таҳти пайгард қарор доштааст.

Читайте также  Таъйини 2 узви нав дар ҳайати мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон