Матни таронаи сарояндаҳо хароб аст: Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо ташкил шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Матни таронаи сарояндаҳо хароб аст: Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо ташкил шуд

Кумитаи забон ва истилоҳот аз манти хароби таронаҳои бархе аз сарояндагони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи намояндагони кумита, ҳатто ин гуна сурудҳоро метавон тариқи телевизион ва радио тамошо ва гӯш кард. Ба ҳамин хотир, минбаъд дар назди кумита Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо ташкил шуда, матни сурудҳои сарояндаҳоро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар пайи интиқоди манти хароби сурудҳои сарояндагон дар назди Кумитаи забон Шӯрои мувофиқасозии манти сурудҳо ташкил шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии “Ховар” хабар медиҳад.

Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио ҳамоише ташкил намудааст, ки оҳангсозону сарояндагон ва забоншиносон низ иштирок кардаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Иштирокдорон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки баъзан “тавассути телевизиону радиоҳо сурудҳои матнашон хароб садо медиҳанд, ки ба меъёри забони адабии имрӯза мувофиқ нестанд. Ин ҳолат ба таблиғи нодурусти забони давлатӣ сабаб мешавад”.

“Бинобар ин ҳангоми бо мусиқӣ хондани сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ риоя карда шаванд. Шеъри тоҷикӣ бояд бо оҳанг ва лаҳну савтиёти тоҷикӣ, яъне “тоҷикона” садо диҳад. Имрӯз мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ қарор дорем, бояд аз ворид намудани ҳар гуна оҳанг ва матни сурудҳои бегона ва бемантиқ худдорӣ намуда, барои арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ саъю кӯшиш намоем ва суруду оҳангҳои дилкашу гӯшнавоз биофарем”, – изҳор доштааст раиси Кумитаи забон Гавҳар Шарофзода.

“Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки ба хотири арҷ гузоштан ба олитарин муқаддасот – забон, ки муаррифи давлат ва миллат аст, дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо таъсис дода шавад”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Читайте также  Талаби 20 ҳазор сомонӣ пора барои гирифтани қарори раиси шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври зинда (бидуни фонограмма) хондани сурудҳо барномаҳои таблиғотӣ таҳия карда шавад.

Дар фарҷом сарояндагону оҳангсмозон таклифу пешниҳодҳои худро дар шакли муроҷиатнома ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.