Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сангинтар кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сангинтар кард

Парлумони Тоҷикистон бо як овоз пешбинии муҷозотро барои ташкили фоҳишахона дар кишвар сангинтар кард

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои ташкили такрории фоҳишахона муҷозотро сангинтар карданд.

Международные авиа грузоперевозки

Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро ҷонибдорӣ намудааст, ки мувофиқи он дар ҳолати такроран даст задан ба ин ҷиноят, муттаҳамонро аз 5 то 8 соли зиндон интизор аст.

Пештар Кодекси ҷиноӣ барои содир кардани ин ҷиноят ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳандаи ҳисобӣ (50 сомонӣ – 1 нишондиҳандаи ҳисобӣ), ки он аз 50 то 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ё маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 солро пешбинӣ мекард.

Афзун бар ин, мувофиқи тағйироти нав, дидаву дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ/СПИД низ ҷинояти сангин ба ҳисоб меравад.

Палатаи поёнии парлумон ҳамчунин ба қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бо савдои одамон ва кӯмак ба ҷабрдидагони савдои одамон” тағйирот ворид кардааст, ки мувофиқи он ваколати ба дамон додани статуси ҷабрдидаи савдои одамон ба сохторҳои давлатӣ (Додситони кулл, ВУД, КДАМ, Ожонси мубориза бо фасод) дода мешавад.

Читайте также  Таҳрири қонунгузории нави Русия зиндагии муҳоҷиронро тағйир медиҳад