Эмомалӣ Раҳмон ба Шодихон Ҷамшед вазифаи нав дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эмомалӣ Раҳмон ба Шодихон Ҷамшед вазифаи нав дод

Бо қарори Ҳукумат Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарор ба раиси пешини вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед вазифаи нав дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Международные авиа грузоперевозки

Тавре дар қарори вижаи Ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, Шодихон Ҷамшед муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардид.

“Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, моҳи октябри соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон баъди сафар ба ВМКБ Шодихон Ҷамшедро аз мақоми раиси вилоят барканор ва ба ҷойи вай роҳбари барномаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзовро таъин карда буд.

Дар фармони раисҷумҳур, далели барканории Шодихон Ҷамшед “ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешуд.

Читайте также  “Наш Фаридунчик”: сипоси солхӯрдаҳои Русия ба тоҷири тоҷик барои нони бепул - акс