Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2019 намеравад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2019 намеравад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал дар даври интихобӣ аз тими Афғонистон шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футзал имконияти ворид шудан ба Ҷоми Осиё-2019-ро аз даст дод, хабар додааст дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври интихобӣ ҷавонони тоҷик аз тими Афғонистон шикаст хӯрданд. Қайд шудааст, ки мусобиқа бо ҳисоби 1:4 ба анҷом расидааст.

Международные авиа грузоперевозки

Дастаи Афғонистон аввалин шуда ба дарвозаи мунтахаботи Тоҷикистон гол зада аст. Ҳамин тариқ 2 гол дар даври аввал ва 2-тои дигар дар даври дуюм зада шудаанд.

Ягона голро аз тарафи дастаи тоҷикон Рабиҷон Рабиев дар дақиқаи 35-ум вориди давозаи ҳариф кардааст.

Ҳамин тариқ баъди пирӯзӣ, дастаи Афғонистон ба Ҷоми Осиё-2019 роҳхат пайдо карда, тими мунтахаби Тоҷикистон имконияташро аз даст додааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа рӯзи сешанбе дар шаҳри тошканд баргузор гардид.

Читайте также  Духтар-радари тоҷик дар озмуни мусиқии Русия иштирок мекунад