Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба бунёдкорони майдончаю боғҳо туҳфаҳо доданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба бунёдкорони майдончаю боғҳо туҳфаҳо доданд

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба 42 саҳмгузори дигар дар бунёди майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳо дар пойтахт туҳфаҳои хотиравӣ доданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”,  танҳо соли равон дар шаҳри Душанбе бар асоси фармоиши Ҳукумат  92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Бо мақсади  босифат ба иҷро расонидани корҳо дар бунёди майдончаҳои варзишӣ,  навсозии боғу гулгаштҳо ва ҳавасмандгардонии бунёдкунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд, ки дар рӯзҳои охири соли равон  ҷамъбаст гардид”, – иттилоъ додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба 42 ғолиби дигари озмуни ҷумҳуриявӣ мукофот доданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро, ки дар бунёди майдончаю боғу гулгаштҳо дар пойхтах саҳм гузоштаанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ кард.

Читайте также  Боздошти вакили ҳуқуқ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе