Садамаи нохуш: ронандаи “ЗИЛ” пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Садамаи нохуш: ронандаи “ЗИЛ” пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш кард

Марди 30-35-солае дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дар пайи садамаи нохуши нақлиётӣ ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхона бистарӣ шудааст. Милисаҳо барои муайян кардани шахсияти пиёдагарди маҷрӯҳ чораҳои оперативу ҷустуҷӯӣ баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Бохтар садамаи нохуши нақлиёти рух додааст, ки дар натиҷа марде маҷрӯҳ шуда, ба бемористон бистарӣ гаштааст. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, шахсияти пиёдагардро милисаҳо бо гузашти ду рӯз муайян карда натавонистаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳодиса бегоҳи 10 декабр дар дар шоҳроҳи “Левакант-Бохтар” дар ҳудудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Мирзоев Алишер Абдулҳомидович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Левакант-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди марди шахсияташ номаълум, тахминан 30-35-ро пахш намудааст”, – менависад ВУД.

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ба номи “Б.Воҳидов”-и вилояти Хатлон бистарӣ гардидааст.
Барои муайян намудани шахсияти пиёдагард чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ҳамчунин ВУД аз садамаҳои маргбори дӯ рӯзи ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷа, мутаассифона, ду тан ба ҳалокат расидаанд.

Читайте также  Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист