ВУД Тоҷикистон: 163 узви гурӯҳҳои экстреместӣ ба Ватан баргаштанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


ВУД Тоҷикистон: 163 узви гурӯҳҳои экстреместӣ ба Ватан баргаштанд

Дар 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 160 нафар узви гурӯҳои экстреместӣ аз ҷумла “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”(мамнуӯъ дар Русия)ба Ватан баргаштанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.   Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли равон беш аз 160 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои экстреместӣ ва террористӣ ҳамроҳ шуда буданд, ба Ватан баргадонданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Қудратулло Ғуломов мушовири калони вазири умури дохилаи Тоҷикистон.

“Мақомоти ВУД-и Тоҷикистон зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ дар нуҳ моҳи соли равон 163 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар хориҷ аз кишвар ба гурӯҳҳои террористиву экстреместӣ ба монанди “ДОИШ”, равияи “Салафия”, “Гурӯҳи 24” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамроҳ шуда буданд, ба Ватан баргардонданд”, -иттилоъ додааст манбаъ.

Тибқи маълумоти манбаъ, шаҳрвандони мазкур бо аҳлу оилаашон дар қаламрави дигар кишвар зиндагӣ мекарданд.

Международные авиа грузоперевозки

Ба гуфтаи Ғуломов дар ҳамин давра мақомоти ВУД-и Тоҷикистон 68 нафар ҷавононеро, ки ғайриқонунӣ дар мактабҳои динӣ дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекарданд ба Ватан баргардониданд.

“Мутаасифона аз 715 нафар ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар хориҷ аз кишвар дар мактабҳои динӣ таҳсил мекардан 289 нафарашон барнагаштанд”, – таъкид намуд вай.

Қудратулло Ғуломов афзудааст, ки чораҳои баргардонидани ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар ғайриқонунӣ дар мактабҳои динӣ таҳсил мекунанд ё дар сафи гурӯҳҳои террористӣ меҷанганд,  бояд идома дода шавад.    

Вай гуфт, барои боз ҳам судманд шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар мебошанд, ғайр аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд фаъолона ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, фаъолони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳаҳо, волидайн, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони динӣ ва ғайра ширкат намоянд.

Читайте также  Қиссаи ҷавони тоҷик аз пайвастшавӣ ба ДОИШ то "насиҳат"-ҳои Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ

Ба гуфтаи Қудратулло Ғуломов барои насли оянда ҳама масъул мебошад.