Зимистони нарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Зимистони нарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-10 дараҷа сард,   рӯзона  1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона -24-29  ва рӯзона -9-14 дараҷа сард  мешавад.

Международные авиа грузоперевозки

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар  як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+6  ва рӯзона  13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 1+4  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона 0+2  ва рӯзона +15+17  дараҷа гарм мешавад.

Читайте также  Тоҷикистон содироти сементро ба кишварҳои ҳамсоя афзоиш додааст