Қаллобони заминфурӯш боздошт шуданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Қаллобони заминфурӯш боздошт шуданд

Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохила дар Душанбе ду марди мутаҳам ба қаллобиро дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани ду марди гунаҳкор ба қаллобӣ бо ҷурми заминфурушӣ, хабар додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 68-солаи сокини ноҳияи Рашт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2017 марди 44-солаи сокини маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани он аз ӯ 200000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин вобаста ба ҳодисаи қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, моҳи июли соли 2017 ҳангоми дар назди Сирки давлатӣ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 70000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Читайте также  Коршинос бартарияти интиқоли нерӯи барқ аз Покистон ба Тоҷикистонро шарҳ дод