“Гулдара”-ю “Тоштеппа”: Шавкат Мирзиёев аз бунёди 7 обанбори нав хабар дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


“Гулдара”-ю “Тоштеппа”: Шавкат Мирзиёев аз бунёди 7 обанбори нав хабар дод

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, гуфт дар кишвар 7 обанбори нав бунёд мегарданд ва аз ҳисоби рушди шабакаи обанборҳо азхудкунии заминҳои нав низ густариш меёбад

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев ин нуктаро дар мулоқот бо кормандони хоҷагии қишлоқ ба муносибати иди касбияшон баён дошт.

Манбаъ  афзуд, ки обанбори “Паркентсой”, “Қизилсой” ва “Тоштепа” дар вилояти Тошканд ва “Караман” дар Ҷиззах бунёд мегардад.

Международные авиа грузоперевозки

Инчунин дар вилояти Қашқадарё обанборҳои “Гулдара”-ю “Оякчисой” ва дар Самарқанд “Булунгур” сохта хоҳанд шуд.

Тибқи изҳороти Мирзиёев ҳаҷми умумии обанборҳо 45 миллион метри мукаабро ташкил хоҳад дод.

Раиисҷумҳури Узбакистон таъкид намудааст, ки соли 2019 барои беҳбуди обёрии заминҳо 1,7 триллион суми буҷа ва 84 миллион доллар маблағи созмонҳои молиявии байналмилалӣ равона мегардад.

Мирзиёев таъкид намудааст, ки тайи ду соли оянда обёрии муътадили 1,2 миллион гектар замин таъмин хоҳад шуд.

Читайте также  Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара то шаҳри Душанбе