Раҳмон: муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия давраи санҷиширо паси сар кардаанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раҳмон: муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия давраи санҷиширо паси сар кардаанд

Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон ва Русия тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатҳоямонро фаро мегирад. Бо хушҳолӣ зикр менамоям, ки тайи ин ҳама солҳо тамоюли рушди мунтазами муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва илмию гуманитарӣ бетағйир боқӣ мемонад, изҳор дошт раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон намоишгоҳи “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ”,ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани “Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни  Тоҷикистон ва Русия” бахшида шудааст, оғоз гардид.

Ба иштирокдорони намомшгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст.

Международные авиа грузоперевозки

Дар он раисҷумҳур иштирокдоронро шодбош гуфта, баргузории чорабиниро далели рушди муносибатҳо номидааст.

“Аз шодбошии иштирокдорони чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ”-ро, ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани “Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русиябахшида шудааст, самимона хушҳолам”, – изҳор доштааст расиҷумҳур.

Кишвардори тоҷик таъкид доштааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия давраи санҷиширо паси сар кардааст.

“Муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни ду мамлакат давраи санҷиширо паси сар кардаанд ва бо шарофати талошҳои халқҳоямон ба мо муяссар шуд робитаҳои боэътимодро, ки бар шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монем”, – афзудааст вай.

Эмомалӣ Раҳмон дар анҷом ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Читайте также  Барои истироҳат: муттаҳамон дар дуздии маблағи “Формула 55” боздошт шуданд